Ба гузориши агентии хабарии Абна, пойгоҳи Танкер Трекерз иттилоъ дод, ки нафткаши сеюми Эрон аз минтақаи муҳосираи баҳрии ИМА гузаштааст. Ин нафткаш як миллион бочка нафти хом интиқол додааст.
Ин пойгоҳ пештар низ гузориш дода буд, ки мувофиқи маълумоти Системаи шинохти автоматикӣ (AIS), ҳадди ақал ду нафткаши бузурги Эрон ба номҳои Диона ва Ҳиро 2 бо ҷамъи 3.8 миллион бочка нафт аз доираи муҳосираи баҳрии ИМА берун шудаанд.
Пойгоҳи мазкур илова кард, ки киштии Стрими ширкати миллии нафткаши Эрон аз минтақаи иқтисодии истисноии Покистон ба сӯи хати муҳосира наздик мешавад.
Your Comment